САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ
Хуҷанд, 25 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Субҳи имрӯз ҳайати давлатии Ҷумҳурии Хорватия таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Степан Месич ҳамроҳи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Президенти Хорватияро дар ин сафар 15 нафар, аз ҷумла, сафири Хорватия дар Туркия Гордан Бакута, мушовири махсуси президент Гудемир Лончар, мушовири президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Томислав Ятич ва ёвари мушовири президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Анна Шимунҷа ҳамроҳӣ намуданд. Меҳмононро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд. Сафари президенти Хорватия ба вилояти Суғд хусусияти расмӣ дошт ва ҳадафи он муқаррар намудани роҳу усулҳои ҳамкории мутақобилан муфид мебошад.Ҳайати давлатии Хорватия Қасри «Арбоб» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихӣ, масҷиди Шайхмуслиҳиддин ва бозори «Панҷшанбе» — ро дар маркази вилоят тамошо кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо ҳамин сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон анҷом ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






