САФАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ЭРОНӢ БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми имрӯз гурӯҳи варзишгарони эронӣ таҳти роҳбарии раиси федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии ин кишвар Мӯҳсинӣ Меҳр Ализода ва дабири кулли Федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Амири Ҳусайнӣ ба Душанбе меоянд. Ҳадафи сафари варзишгарони эронӣ иштирок дар мусобиқоти байналмилалии варзиши бостонӣ (Зурхона) мебошад, ки аз 13 то 15 майи соли равон дар муҷтамаи варзишии «Зӯрхона»-и Душанбе ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -муаллифи асари безаволи «Шоҳнома» гузаронида мешавад. Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳайати варзишгарон ҳамчунин яке аз шахсиятҳои шинохтаи ирфонии ин кишвар, суханрони барҷаста доктор Ҳусайни Муҳияддини Илоҳии Қумишайӣ шомил аст. Сафари варзишгарони Эрон ба Тоҷикистон бо даъвати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҷараён мегирад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






