САЛОМАТИИ МОДАРОНУ КӮДАКОН ЗЕРИ НАЗОРАТ АСТ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон Саидумар Орифов, дар шаҳраки Уялӣ барои зарардидагони офати табиӣ ҷойи зисти муваққатӣ сохта шудааст. Ҳоло дар 107 хайма 597 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Айнӣ ҷой карда шудаанд. Дар ин ҷои зисти муваққатӣ 64 нафар кӯдакони то синни 4 сола ба қайд гирифта шуда зери назорати табибон қарор доранд. То 11-уми май ҳамагӣ 6 кӯдак ва ду зан бо бемориҳои гуногун дар беморхонаи минтақавии Уялӣ бистарӣ карда шудаанд. Вазъияти беморон зери назорат аст. Ҳама сокинони аз офат зарардида дар хаймаҳо бо оби нӯшокӣ таъминанд. Дар сурати каме беэътиноӣ, сар задании ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур нест, аммо ҳама тадбирҳо андешида шудааст, то ки пеши роҳи бемориҳо гирифта шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






