САРФАКОРӢ ВА ФОИДА АЗ РОҲУ НАҚБҲО ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба ақидаи иқтисодшинос Шарифҷон Қурбонов, сохтмони роҳу нақбҳо, ки дар шароити имрӯза аз нуқтаи назари илмӣ аҳамиятнок ва фоидаовар арзёбӣ шудаанд, ба ақидаи баъзеҳо манфиатнокии он ба сохтмони корхонаҳо ва таъмини мардум ба ҷои кор баробар шуда наметавонад, ки ин нуқтаи назар комилан хатост. Масалан сохтмони нақби «Истиқлол» , ки соли 1999- 2007 сохта ба истифода дода шудааст, роҳи ағбаро дар ин минтақа 32 км кӯтоҳ кард. Дар ин масофа агар дар як шабонарӯз 1,5 — 2 ҳазор автомобил ҳаракат намояд танҳо сарфаи бензини он дар як моҳ ба 180 тонна мерасад. Хурдашавии резини чархҳо се-чор маротиба камтар мегардад. Дар сурати пурра ба истифода додани нақбҳои Шар-шар, Шаҳристон ва Чормағзак сарфаи сӯзишворӣ дар як сол ба 100 ҳазор тонна мерасад. Дар давоми 10 сол роҳу нақбҳо нафақат хароҷотро мепӯшонанд, балки миллионҳо сомонӣ фоида меоранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






