Ш. РАҲИМЗОДА: «ҚУРБИ ДОЛЛАР ДИГАР БОЛО НАМЕРАВАД»
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба дараҷаи ниҳоии худ расида, афзоиши минбаъдаи он пешгирӣ карда хоҳад шуд, — гуфт имрӯз, 26 май зимни нисти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки то кунун поёнравии қурби пули миллӣ — сомонӣ аз сабаби зиёд будани воридот нисбат ба содирот ба амал омад. Имрӯз баробаршавии ҳаҷми содироту воридот ба назар мерасад ва ин имкон медиҳад, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мӯътадил нигоҳ дошта шавад. «Имрӯз Ҷумҳурии Халқии Чин бо кишварҳои шарики иқтисодиаш оиди ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷорати дар байни ин кишварҳо бо пули миллии чинӣ — юан гуфту шунид дорад. Инчунин, Федератсия Русия низ хостори он аст, ки доду гирифти тиҷорати байни кишварҳои узви ИДМ бо рубли русӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, эҳтимоли поён рафтани доллари ИМА имкон дорад, зеро ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ худи Амрико низ ҷонибдори ин аст», — идома дод раиси Бонки миллӣ. Шариф Раҳимзода тазаккур дод, ки мо дар баробари худ низ, бояд қурби пули миллиро бо кишварҳои шарики ӣқтисодиамон муқоиса намоем, на бо кишварҳои мисли Амрико, ки шарики иқтисодии мо нест, вале мо бо ИМА низ муносибатҳои дипломатии хуб дорем, ки онҳо дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Гуфтанист, ки дар давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ БМТ 187 килограмм тилло захира намуда, имрӯз захираи 183 миллион доллари ИМА дорад. Мавриди зикр аст, ки сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз коҳиш ёфт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






