ШАҲОДАТНОМА БА ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Май 25, 2009 15:03

                         Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-8-уми июни соли равон дар Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Маркази соҳибкории пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагони он баргузор мегардад.                         Хатмкунандагон донишомӯзони калонсол буда, барномаи технологияи муҳосибиро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии ҳисоботи молиявӣ аз худ намудаанд. Инчунин, дар ин маросим ба донишомӯзоне, ки дараҷаи дуввум ва севуми забони англисиро барои коргузории расмӣ , тибқи барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон бомуваффақият омӯхтаанд, шаҳодатномаҳои Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супорида мешавад.                        Донишгоҳи Осиёи Марказиро соли 2000 ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис дода буданд. Қарордоди байналмилалӣ ва Низомномаи таъсиси онро волоҳазрат Оғохон ва президентҳои Қазоқистон , Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расонда, дар парлумони ин кишварҳо ба тасвиб расонида ва дар Созмони Миллали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст.                       Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори донишгоҳ соли 2006 таъсис ёфтааст. Ин мактаб дар Осиёи Марказӣ ягона муассисаи пешниҳодкунандаи барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни ҷудо шудан аз истеҳсолот пешниҳод мекунад.

Май 25, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид