ШАҲРВАНДОНИ РУСИЯ БЕШТАР ҶИНОЯТ СОДИР МЕКУНАНД
Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар» — АИ Регнум — Новости ). — Мақомоти манфиатдор ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба аҳолии Русия мунтазам хабар медиҳанд, ки намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ дар давоми сол то 50 ҳазор ҷиноят содир менамоянд, вале ин ҳамагӣ се — чор фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои фошгардидаро ташкил медиҳад, гуфт директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромодановский зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои Федератсия. Қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон теъдоди умумии содир шудани ҷиноят аз ҷониби хориҷиён 17 фоиз афзудааст. Ҳол он ки шаҳрвандони Русия дар ҳудуди ИДМ ва мамлакатҳои соҳили баҳри Балтика нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз бештар ҷиноят содир карданд. Нотиқ таъкид кард, ки дар маълумоти омор на миллати ҷинояткорон, балки шаҳрванди кадом мамлакат будани он нишон дода мешавад. Дар натиҷа қисми зиёди ҷиноятҳои содиршуда ба шаҳрвандони Русия нисбат дода мешавад. К.Ромодановский дар ҷавоби саволи вакилон зикр кард, ки дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар фаъолияти коргарони муҳоҷири Украина ва Қазоқистон проблемаҳо бисёртаранд. Зикр шуд, ки онҳо ба мӯҳлати 30 шабонарӯз ба Русия омада, ғайриқонунӣ кор мекунанд ва баъд ба ватанашон рафта, боз ба Русия бармегарданд.К.Ромодановский изҳор намуд, ки аз ҷиҳати содир намудани ҷиноят муҳоҷирони меҳнатии Гурҷистон ҷои аввалро ишғол менамоянд. Ҳар 15 — ҳумин гурҷии дар Русиябуда ҳатман ҷиноят содир мекунад, гуфт ӯ. Дар ин масъала ҷойҳои минбаъдаро коргарони муҳоҷири Тоҷикистону Қирғизистон ва Озарбойҷону Ӯзбекистон ишғол менамоянд. Қайд карда шуд, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар истеҳсоли Маҳсулоти умумии дохилии Русия хеле калон аст. Онҳо тақрибан 8 фоизи маҳсулоти умумии дохилии мамлакати моро истеҳсол менамоянд. Овозаҳо, шиорҳо ва хабарҳо дар бораи он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони маҳаллиро аз кор маҳрум сохта ва ҷиноят содир менамоянд, сабаби авҷ гирифтани рӯҳияи нафрат ба намояндагони мамлакатҳои дигар мегардад. Дар чунин шароит мутахассисони беҳтарини хориҷӣ ба Русия намеоянд, гуфт К.Ромодановский.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






