ШАБИ ЭҶОДИИ ОҲАНГСОЗИ МАЪРУФ

Май 18, 2009 17:20

                          Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 май дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ шаби эҷодии оҳангсози маъруфи тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев баргузор мегардад.                            Дар он оҳангҳои Абдуфаттоҳ Одинаев аз ҷониби ҳунармандони театри опера ва балет, аз ҷумла операҳои машҳури «Ҳисори ман», «Бародарам», «Аҳурамаздо» ва сурудҳои «Илтиҷо», «Зевари борон» «Фалак», «Мо тоҷиконем» бо ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ иҷро карда мешаванд. Чорабинии мазкур ба 70-солагии оҳангсози маъруф бахшида мешавад.                          Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Май 18, 2009 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад