«ШАШМАҚОМ» ВА МАҚОМИ ХОСИ ОН
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Президенти кишвар аз соли 2000-ум ин ҷониб дар Тоҷикистон 12-уми май ҳамчун рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад. Ин иқдом дар остонаи ҷашни 50-умин солгарди таъсиси ансамбли «Шашмақом» 12 майи соли 2000 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, фармони махсус «Дар бораи рушди минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба дастаи «Шашмақом» мақоми давлатӣ дода шуда, он ба номи Фазлиддин Шаҳобов номгузорӣ гардид. 12 майи соли ҷорӣ низ чун анъанаи чанд соли охир, ҳунарнамоии устодони «Шашмақом» ба муносибати ин рӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд. Роҳбари гурӯҳи эҷодии ин чорабинии фарҳангӣ, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев мӯътақид бар он аст, ки анъаноти ба таври силсила иҷро намудани мусиқии «Шашмақом» тайи солҳои охир ба фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона бо иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мусиқии асили аҷдодии тоҷикон аз нав эҳё гардид ва «Шашмақом» ба феҳрасти ягонаи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардид. «Шашмақом» аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат буда, зодгоҳаш Бухоро, бунёдгузораш тоҷикон, созаш танбӯр, саромадонаш Бобо Ҷамол, Бобо Ғиёс, Домулло Ҳалим, Леви Бобоҳон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз мебошанд, ки таҳти таъсири назми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст. Мавриди зикр аст, ки соли 1949 бо ибтикори каҳрамонони миллати тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон ташкил ёфт ва оҳангҳо, сурудҳо ва таронаҳои «Шашамақом»-ро се нафар донандагону хонандагони тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов дар панҷ чилд иншо карда, ба ин шоҳасар умри дубора бахшиданд. Ин ансамбл куллан қисматҳои созӣ ва овозии «Шашмақом»-ро дар хазинаи родиои Тоҷикистон сабт карда, солҳои 1979 ва 1983 дар Симпозиумҳои байналмилалии мусиқии анъанавӣ ҳунарнамоӣ карда, сазовори макоми аввал шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






