ШИРКАТИ «БЕТС КОНСАЛТИНГ СЕРВИС ЛТД» 30 – СОЛА ШУД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ширкати «БЕТС консалтинг сервис ЛТД» — и Бангладеш соли 1979 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Имсол 30 — солагии фаъолияти ширкат ва 10 — солагии ҳамкории он бо Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ширкати мазкур дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра чандин барномаҳоро амалӣ месозад. Айни ҳол дар он бештар аз 150 мутахассис ва коршинос кор мекунад. Онҳо дар иҷрои қариб 300 барнома дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саҳм мегузоранд. Самтҳои асосии фаъолияти ширкат сохтмони шабакаҳои обрасонӣ, канализатсия, амалӣ сохтани барномкаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои об, рушди кишоварзӣ, нақлиёт, меъморӣ, ба нақшагирӣ ва сохтмони биноҳо ва ғайра мебошад.Ширкати «БЕТС консалтинг сервис ЛТД» айни ҳол дар барқарор сохтани системаи обрасонии шаҳри Душанбе саҳм мегузорад. Ширкат бо ин мақсад барномаи барқарор сохтани шабакаи обрасонии шаҳри Душанберо таҳия намудааст, ки дар давоми се сол иҷро карда мешавад. Барои иҷрои барнома тавассути Бонки рушди Осиё 9 миллиону 220 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуд. Саҳми Тоҷикистон дар иҷрои барнома 1 миллиону 480 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. То имрӯз қариб 70 фоизи маблағи ҷудошуда сарф карда шудааст. Тибқи барнома, дар шаҳри Душанбе ва атрофи он силсилаи ҳавзҳои об, бунгоҳи барқии интиқоли оби «Кофарниҳон — 1 « ва «Кофарниҳон — 2» ва ҳавзи калони оби минтақаи ҷанубу ғарбӣ сохта мешаванд. Инчунин, бунгоҳҳои мавҷудаи интиқоли об барқарор намуда, чоҳҳои нави об канда, каналҳои мавҷуда тармим карда, трубопроводҳои нави магистралӣ сохта мешаванд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






