ШУМОРАИ КОРГАРУ НАФАҚАХӮР БАРОБАР ШУД
Душанбе,5 май. (АМ ИТ «Ховар, Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии давлатии минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи аҳолӣ Амирхон Расулов, аз 1-уми июли соли 2009 сар карда тартиби нави захираи нафақа ҷорӣ мегардад. Ин мазмуни онро дорад, ки ҳар як коргар ҳадди ақал як фоизи маошашро ба суғуртаи иҷтимоии шахсии худ мегузаронад. Агар пештар дар шаҳри Кӯлоб барои як нафақахӯр 7 коргар ба фонди нафақа маблағ мегузаронд, имрӯз дар шаҳр барои 15 ҳазору 554 нафар нафақахӯр қариб 16 ҳазор коргар рост меояд, ки он мушкилотеро дар таъмини нафақаи нафақахӯрони шаҳри Кӯлоб ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ гузаштан ба муносибати нави маблағгузорӣ ба фонди нафақа, танҳо бо роҳи худмаблағгузорӣ ба суғуртаи иҷтимоии шахсӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






