СОХТМОНИ РОҲ ДАВОМ ДОРАД

Май 13, 2009 10:12

                      Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Даври аввали сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон» тибқи нақша давом дорад ва он бояд охири моҳи июн ба истифода дода шавад. Барои тармиму таҷдиди роҳи мазкур 295 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Аз ин маблағ 281 миллиону 100 ҳазор долларро «Эксимбонк» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 14 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА — ро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардаанд.                       Роҳи мазкур дар се давра тармим карда мешавад. Барои тармими он дар даври аввал 168 миллион ддоллари ИМА сарф карда мешавад. Давраҳои дуюму сеюми тармими роҳ бояд моҳи июли соли 2010 ба охир расонда шаванд. Комиссияи махсуси Тоҷикистону Чин сифати сохтмони роҳро дар давоми солҳои 2010 — 2011 ҳамаҷониба месанҷад. Айни ҳол нақшаи тармими роҳи мазкур иҷро карда мешавад. Мудири иҷроияи Маркази тармиму таҷдиди роҳ Қодир Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон» моҳи сентябри соли 2011 дар арафаи таҷлили 20 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода дода хоҳад шуд.  

Май 13, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд