СОЛИ ИМТИҲОНИҶИДДӢ БАРОИ КИШОВАРЗОН

Май 25, 2009 12:36

                         Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2009 бо тамоми душвориҳои дар натиҷаи офати табиӣ рух дода чун соли имтиҳони ҷиддӣ барои тамоми истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ боқӣ хоҳад монд, — иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар».                          Дар натиҷаи боронҳои пай дар паи моҳҳои март-майи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои «Роҳатӣ» ва «Зайнабобод» наҳру каналҳо аз сангу шағал ва лойу гил пур шуда дар баъзе ҷойҳо наҳрҳо канда шуда ба киштзорҳои ноҳия хисороти зиёд ворид карданд.                            Баро тоза кардани каналу иншоотҳои гидротехникӣ аз қувваи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар маҳал буда истифода карда, ҳамаи камбудиҳо бартараф карда шуданд.                          Селхаробаҳои деҳаи Моинкаҷ, селпартои Шӯраксой, наҳрҳои деҳаҳои Садоқат, Алибой, Гулобод тоза карда шуданд.                        Маблағи зарар92,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Барои ҷалби техника да ин кор 8 248 литр сӯзишворӣ сарф карда шудааст.  

Май 25, 2009 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд