СОЗМОНҲОИ САРМОЯГУЗОР ВА КИШВАРҲОИ ДОНОР БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАНД?

Май 14, 2009 09:20

                      Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -13 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарони блоки иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии сармоягузор ва намояндагони кишварҳои донор баргузор гардид.                     Дар ин мулоқот масъалаи таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф намудани он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                   Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни муаррифии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати ҶТ ба созмонҳои сармоягузор ва кишварҳои донор зикр намуд, ки дар давоми чор моҳи гузашта ҳаҷми даромади буҷети кишвар аз ҷамъоварии андозҳо коҳиш ёфта, ҳаҷми истеҳсолот низ поён рафт. Аз ин рӯ, иҷрои барномаи зиддибӯҳронии давлатӣ ба маблағҳои кӯмаки кишварҳои донор ва созмонҳои сармоягузор ниёз дорад.                   Намояндагони созмонҳои сармоягузор ва кишварҳои донор иброз доштанд, ки тақозои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди кӯмаки иловагӣ ба роҳбарияти созмонҳои сармоягузор ва мақомоти кишварҳои донор расонида, дар ин самт мусоидат хоҳанд кард.

Май 14, 2009 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд