СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ҶАҲОНӢ

Май 4, 2009 16:49

               Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба паҳн гардидани микробҳои бемории гриппи гурӯҳи «А» (зукоми хук) вазъияти фавқулоддаи умумиҷаҳонӣ эълон намуд. Дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр намуданд, ки дар қаламрави Мексика ва ИМА аллакай 1614 ҳодисаи ба бемориҳои гриппмонанд гирифтор шудани одамон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд. Аз, ин ҷумла, 103 нафар вафот кард.               Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ бо назардошти вазъияти баамаломада бо мақсади пешгирии имкониятҳои паҳн гардидани беморӣ аз ин мамлакатҳо дар Тоҷикистон андешидани силсилаи тадбирҳои заруриро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки бунгоҳҳои санитарию карантини майдонҳои ҳавоӣ, вокзалҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ бо дору, асбобу анҷом ва таҷҳизоти зарурӣ барои муайян кардани ҳарорати бадан, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва воситаҳои безараркунанда таъмин карда шаванд. Дар мавриди ошкор сохтани шахсоне, ки дар онҳо нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ё ҳарорати баланд мушоҳида мешавад, онҳо ҳатман ба шифохонаҳо фиристода шаванд.              Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои муҳофизат кардани одамон аз бемории зукоми хук якчанд тавсия медиҳад.              Ин навъи грипп бо роҳи атса ва сулфа задан аз одам ба одам сироят карда метавонад. Микробҳои он дар сатҳи болои мизу курсӣ, телефонҳо ва ғайра боқӣ монда, ба воситаи ангуштон ба даҳон, биннӣ ё чашм сироят карда метавонанд. Рангҳои равғанӣ, собун ва воситаҳои дигари безараркунандаи дорои спирт микробҳои бемориро нобуд месозанд.             Шахсе, ки дар организми худ нишонаҳои бемории гриппро мушоҳида мекунад, бояд ба кор нарафта, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набарад ва фавран ба духтур муроҷиат кунад. Одамон бо мақсади муҳофизати худ аз беморӣ бояд дар мавриди паҳн гардидани он ба ҷойҳои серодам нарафта, аз хона набароянд.

Май 4, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид