СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Май 26, 2009 15:12

                          Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 25 май дар ҷараёни маҷлиси 36 — уми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар бораи расондани кӯмак ба Тоҷикистон барои бартараф сохтани зарари боришҳои тӯлонии моҳҳои апрел ва май қарор қабул карда шуд.                            Дар қарор ҳамаи давлатҳои аъзои созмон даъват карда мешаванд, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала то ҳадди имкон кӯмак расонанд. Бонки рушди исломӣ ва Бунёди ҳамдилии исломӣ розӣ шуданд, ки ба Тоҷикистон кӯмаки хайрия расонанд.                            Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои 23 ва 25 майи соли равон дар шаҳри Димишқ маҷлиси 36 — уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ иштирок дошт.  

Май 26, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид