СУҒД: ДАР ҲАҚҚИ СОБИҚАДОРОН ҲАМВОРА ҒАМХОРӢ МЕНАМОЯН
Хуҷанд, 5 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Ба муносибати 64 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с.с.1941-1945) бо мақсади расонидани кӯмаки яквақта ба иштирокчиёни ҷанг ва шахсони дар ин ҷанг саробонгумкарда бо қарори раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз буҷети вилоят 207,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин бора ба мухбари АМИТ "Ховар" сардори сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзоев хабар дод. Аз ҳисоби ин маблағ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои дар ин ҷанг саробонгумкарада ба андозаи 150 (садупанҷоҳ) сомонӣ ва ҳам меҳнаткашони ақибгоҳ ба андозаи 100 (сад) сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ гирифтанд. Чуноне, ки ба мухбири АМИТ "Ховар" дар сарраёати молияи вилоят гуфтанд, роҳбарияти вилоят на фақат дар рӯзҳои иду айём, балки ҳамвора дар хаққи собиқадорон ғамхорӣ менамояд. Масалан, мувофиқи қарори раиси вилоят аз якуми январи соли 2009 ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с.с.1941-1945) ва оилаҳои дар ин ҷанг саробонгумкарда иловапулии ҳармоҳа ба нафақаашон ба андозаи 20 сомонӣ дода мешавад. Ҳаҷми чунин иловапулии ҳармоҳа ба меҳнаткашони ақибгоҳ 15 сомониро ташкил медиҳад. Воқеан, дар вилоят имрӯз 1020 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с.с.1941-1945), 45 оилаи саробонашонро дар ин ҷанг гумкарда ва 475 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






