СУҒД: МАКТАБИЁН ДАР ҚИРОАТИ «ҚУРЪОН» МАҲОРАТАШОНРО НИШОН ДОДАНД
Хуҷанд, 8 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорчӯбаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 130 -солагии Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар бинои муассисаи давлатии "Маркази ҷавонон" озмуни вилоятии ҳофизони "Қуръон" шуда гузашт. Озмун бо ҳамдастии идораи маориф ва Шӯрои уламои дини вилоят гузаронида шуда, дар он беш аз 30 нафар хонандагони синфҳои аз сеюм то ёздаҳуми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Озмун дар се бахш — ҳофизии "даҳпора", "бистпора" ва "сипора" аз китоби "Қуръон"- гузаронида шуд. Ғолиби озмун дар қироати "даҳпора" аз ин китоби муқаддас хонандаи мактаб аз шаҳри Хуҷанд Юсуфҷон Холдоров шуд. Дар қироати бист пора (бист қисм) аз "Қуръон" Насриддин Мукаррамов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳорати аз ҳама баланд нишон дод. Дар қироати ҳамаи си пораи "Қуръон" хонандаи синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақами якуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдулҳафизи Абдулфариз ғолиби мутлақ дониста шуд. Абдулҳафизи Абдулфариз бо ифтихорномаи ташкилкунандагони чорабинӣ сарфароз гардонида шуд ва ҳамчунин телевизори ранга мукофот гирифт . Дигар иштирокчиёни озмун низ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Акнун Абдулҳафизи Абдулфариз ва дигар ғолибони ин чорабинӣ дар озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони "Қуръон", ки моҳи июни соли равон дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок хоҳанд кард. Дар сурат: 1.Китоби "Қуръон" бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва арабӣ. 2. Ғолиби мутлақи озмуни вилоятии ҳофизони "Қуръон" Абдулҳафизи Абдулфариз. (Суратгир — муаллиф).








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






