СУҒД: ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ СТЕПАН МЕСИЧ ВА ҲАЙАТИ БА СУҒД ТАШРИФ ОВАРД
Хуҷанд, 25 май. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова). Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич дар чорчӯбаи сафари нахустини расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Степан Месич ва ҳайати ҳамроҳонашро Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Сафари меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонаш ба хотири ошноии ҳарчӣ бештар бо шаҳри куҳанбунёди Хуҷанд ва имконоти яке аз калонтарин минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Зимни сафар Президени Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла қасри «Арбоб»-и ноҳияиБобоҷон Ғафуров, осорхонаи таърихии вилоят, маҷмааи масҷиди Шайх Маслҳаддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид менамояд. Худи ҳамин рӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр зиёфати расмӣ меорояд. Дар назар аст, ки Раиси вилоят ва Президенти Хорватия дар ҷараёни сӯҳбат асосан масъалаҳои робитаҳои судманди дутарафаро баррасӣ намоянд. Президент Степан Месичро дар ин сафар ҳайати расмӣ иборат аз 15 нафар ҳамроҳӣ доранд. Ба ҳайати гурӯҳи меҳмонон, аз ҷумла, сафири Хорватия дар Туркия ҷаноби Гордан Бакота, мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Будимир Лончар, мушовири Президенти Хорватия оид ба сиёсати хориҷӣ ҷаноби Томислав Якич, сардори Раёсати ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоӣ хонум Андреа Явор ва дигар шахсони расмӣ шомиланд. Баъди асри ҳамин рӯз меҳмонон аз фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Хорватия- шаҳри Загреб парвоз хоҳанд кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ "Ховар" дар маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






