СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ПАРВАНДАИ «АЙРЕНГЕН- ЛТД»-РО БАРРАСӢ НАМУД

Май 13, 2009 15:52

                      Душанбе, 13май апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи худ муроҷиати намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген- ЛТД»-ро мавриди барасӣ қарор дод. Дар он намояндагони воколатдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Суди олии иқтисодии кишвар иштирок намуданд.                      Намояндаи ваколатдори Ширкати «Айренген- ЛТД» дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзид.                    Суди Конститутсиони баъди муҳокимаи масъалаи мазкур, баҳсу андешаҳои тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаро ба инобат гирифта, мӯҳлати 6- моҳаи ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратиро ба талаботи моддаҳои зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намуд.                 Қайд гардид, ки мӯҳлати муроҷиати мурофиавӣ аз тарафи қонунгузорӣ муайян шуда, барои ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои халалдоршуда, мӯътадилии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, мустаҳкам кардани асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ, интизомию иҷроиявии субъектҳои ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти судӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шудааст.  

Май 13, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад