СУЛҲ БА КӮДАКОН

Май 29, 2009 10:04

                         Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон имрӯз, 29 май дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри Ваҳдат рўзи дарҳои кушод эълон гардид.                         Дар он хонандагони мактаби рассомии шаҳри мазкур зиёда аз 40 номгўи асарҳои худро бо номи «Сулҳ ба кўдакон» ба намоиш гузоштанд. Мавзўи асосии асарҳои эҷодкардаи наврасон сулҳ ва ҷанг, мубориза бар зидди маводи мухаддир, дўстиву рафоқат, ҳифзи муҳити зист ва ватандўстиро дар бар мегиранд.                        Рўзи дарҳои кушод махсус барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва толибилмони макотиби ҳамагонии шаҳри Ваҳдат ташкил карда шуд.                         Кормандони осорхона тасмим доранд, ки бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла вохўрӣ бо шоирону нависандагон ва вакилони мардумиро доир намоянд.                         Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Май 29, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид