ТӮҲФАИ ҲУКУМАТИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ШИФОХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Май 4, 2009 16:27

              Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Кӯмаки навбатии Ҳукумати Швейтсария иборат аз 7 контейнер маводи сермасрифи тиббӣ, асбобу анҷоми ҷарроҳӣ, ҷиҳози хоб, катҳо, замбарҳо барои бурдани беморон, кампал ва либосҳои махсус барои ҳамшираҳои шафқат ба Тоҷикистон оварда шуд.               Аз намояндагии Раёсати рушд ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кӯмаки хайрияи мазкур интихобан дар байни панҷ шифохонаи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим карда мешавад.  Инчунин, аз Швейтсария ба Тоҷикистон барои панҷ шифохонаи сайёри соли 2008 дар доираи барномаи рафъи оқибатҳои табиӣ бунёдгардида генераторҳои барқӣ фиристода шуд.

Май 4, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад