ТАҶЛИЛИ 90–СОЛАГИИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ РУСИЯ ВА АФҒОНИСТОН
Маскав, 29 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Ба истиқрори муносибатҳои дипломатии Федератсияи Русия ва Давлати Исломии Афғонистон 90 сол пур шуд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Р.Спанта ба ин муносибат ба унвони ҳамдигар номаҳои шодбош фиристоданд. С.Лавров дар номаи худ изҳор менамояд, ки Русия аввалин шуда, истиқлолияти давлатии Афғонистонро эътироф намуд ва дар давоми чандин даҳсолаҳо ба халқи афғон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбию техникӣ кӯмаки калон расонд. Мо ният дорем, ки муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаро дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум идома дода, ба барқарор намудани вазъияти мӯътадили Афғонистон ва иқтисодиёти он мусоидат намоем. Дар нома зикр карда мешавад, ки вазифаи ҳар ду давлат тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад. Мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз бояд ба зарурати муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳдашон барои барқарор сохтани Афғонистон ва ба давлати мустақиму соҳибихтиёр ва демократӣ табдил додани он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон изҳори умед менамояд, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар боз ҳам бештар ривоҷ дода хоҳанд шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






