ТАҶЛИЛИ 90–СОЛАГИИ ИСТИҚРОРИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ РУСИЯ ВА АФҒОНИСТОН

Май 15, 2009 16:43

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 14 май дар шаҳри Маскав ба муносибати 90 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Русия ва Афғонистон мулоқоти намояндагони ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати калони Афғонистон иштирок намуд, ки таҳти роҳбарии ноиби президенти ин мамлакат Карим Халилӣ ба Маскав омадааст. Ба ҳайати Афғонистон вазирон, аъзои парлумон, ходимони ҷамъиятӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва тоҷирону соҳибкорон шомиланд. Дар мулоқот, инчунин, афғонҳое ширкат варзиданд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо қариб ба 100 ҳазор нафар мерасад.                     Муовини сарвазири Ҳукумати Русия Игор Сечин дар бораи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт сухан ронда, гуфт, ки бо маблағи Русия дар Афғонистон 142 корхона сохта шудааст ва онҳо тақрибан 60 фоизи тамоми иқтисодиёти Афғонистонро ташкил медиҳанд.                     Дар ҳузури ҷамъомадагон директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов низ сухан кард.                      Иштирокчиёни мулоқот изҳор намуданд, ки проблемаи истеҳсоли маводи нашъадорро дар Афғонистон танҳо бо роҳи тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва ташаккули ҷомеаи мамлакат ҳал кардан мумкин аст.

Май 15, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа