ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ

Май 13, 2009 13:25

                      Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 12 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи чаҳонии ҳамшираҳои шафқат таҷлил карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии Ҳамшираҳои шафқат таърихи бештар аз садсола дорад, вале он соли 1971 расман тасдиқ карда шуд.                       Хизмати ҳамшираҳои шафқат солҳои ҷанги Қрим аз тарафи ходими намоёни сиёсии Англия Флоренс Нантингейл ташкил карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат ҳар сол дар рӯзи таваллуди Ф.Нантингейл — 12 май ҷашн гирифта мешавад. Созмони ҷамъиятии ҳамшираҳои шафқат айни ҳол 141 мамлакатро муттаҳид менамояд.                      Дирӯз ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷамъомади ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.                   Раиси Ҷамъияти ҳамшираҳои шафқати ҷумҳурӣ Ниҳолбӣ Ҳасанова зикр намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 28 ҳазор ҳамшираҳои шафқат кор мекунанд.

Май 13, 2009 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!