ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФИРДАВСӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷавонмардию паҳлавонӣ», таҳти чунин унвон 15 май дар толори «Зӯрхона»-и ба номи Фирдавсии Душанбе нахустин симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар он аҳли илму фарҳанг, варзишгарони се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва донишҷӯёни донишкадаи варзиши Тоҷикистон иштирок доштанд. Раиси Федератсияи варзишҳои бостонии (зӯрхонаӣ) Тоҷикистон Сулаймон Абдулвоҳидов баргузории симпозиуми байналмилалиро дар Душанбе фоли неке дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи се кишвари ҳамзабон арзёбӣ кард. Ҳамчунин, Сафирони фавқулодда ва мухтори кишварҳои Афғонистону Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрҳоҳ ва Алиасғари Шеърдӯст, раиси федератсияи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаии Эрон Сайид Амир Ҳусайнӣ, раиси Анҷумани Тоҷикистону Эрон Мирзо Муллоаҳмадов, фирдавсишиноси шинохта Илоҳии Қумшаӣ доир ба мақоми Абулқосим Фирдавсӣ ва аҳамияти асари безаволи ӯ «Шоҳнома» дар рушди адабиёти ҷаҳон сухан карданд. Зикр шуд, ки аз офаридани «Шоҳнома»- ҳазор сол сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз ин асари барҷастаи ҷаҳонӣ арзиши бузурги таърихии худро гум накардааст. Достонҳои «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ саршор аз фазилатҳои неку барҷастаи инсонӣ, қаҳрамонию ҷавонмардӣ ва таҳамтанист. Симои Рустами достон намунаи барҷастаи мардонагию паҳлавонист. Шоҳасари ҳаким Фирдавсӣ -«Шоҳнома» то кунун дар рушду густариши ҷаҳони башарӣ нақши бузург мегузорад. Варзишгарони варзиши бостонии (зӯрхонаӣ)/ кишварҳои Тоҷикистону, Афғонистон, Эрон ва Покистон, ки ҷиҳати иштирок дар 6-умин мусобиқоти зӯрхонаӣ ба Душанбе омадаанд, бо гӯштини бостонӣ ва гурзбардорӣ ба симпозиуми байналмилалӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






