ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Май 23, 2009 10:03

                       Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми 22 май дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи умумивилоятии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ кард.                        Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сарвари вилоят зимни муборакбодии ҷавонони Суғд изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда таваҷҷӯҳи хос дошта, барои пешрафти фаъолият ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз имконоти мавҷуда ба хубӣ истифода мекунад.                     «Бовар дорам, ки шумо ҷавонон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯи вилоят ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳед гузошт», — тазаккур дод Қоҳир Расулзода.                      Мавриди ёдоварист, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 13 то 23 май дар миқёси вилоят «Даҳаи ҷавонӣ» баргузор гардида, шоми 22 май он ҷамъбаст карда шуд. Дар доираи таҷлили ин сана чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дави миллӣ, фестивал-озмуни «Садои ҷавонӣ», «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» ва ғайраҳо баргузор шуда, ба беҳтарин донишҷӯён ва аспирантон идрорпулии раиси вилоят супорида шуд.

Май 23, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид