ТА&#1206ЛИЛИ 15-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ &#1178&#1262ШУН&#1202ОИ САР&#1202АДИИ &#1206Т ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Май 25, 2009 10:59

                         Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 15-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии идона баргузор гардид.                        Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинӣ роҳбарони мақомоти интизомии вилоят, афсарон ва сарбозони ҷузъу томи шӯъбаи фаврию ҳарбии «Суғд», Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок намуданд.                        Дар маҷлиси тантанавӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев иштирок ва суханронӣ намуда, сарҳадчиёни дар вилояти Суғд мустақар бударо табрик намуданд.                       Аз ҷумла, Қоҳир Расулзода қайд кард, ки сарҳадбонони тоҷик аз рӯзи таъсис то ба имрӯз дар роҳи ҳифзи марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонагию далерӣ зоҳир намуда, ба Ватан ва суботи ҳамешагии мардуми кишварамон садоқатмандона хизмат менамоянд.                       Ба гурӯҳи калони афсарон ва сарбозони шӯъбаи фаврию ҳарбии «Суғд»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз номи Президенти кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.                         Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 1994 дар бораи барпо намудани Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Тибқи ин санад ҳар сол 28 май чун рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик қайд карда мешавад.

Май 25, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид