ТАНӮРҲОИ НОНПАЗӢ БА «АРХИВ» СУПОРИДА ШУДАНД
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Масъулини шаҳрдорӣ танӯрҳои дар назди биноҳои серошёна сохташударо бо сабаби коҳонидани ҳусни шаҳр вайрон намуда, амсилаи (макети) онҳоро абадан ба «архив» супориданд. Амали вайрон кардани танӯрҳо дар маҳаллаҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев, Зарафшон, «Профсоюз» нисбат ба дигар қисмати шаҳр фаъолтар аст. Аммо дар марказ (кӯчаҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Деҳотӣ, Ҳусейнзода, Бухоро, Шевченко ва ғайра кӯчаҳо) аз чӣ бошад, ки ҳанӯз танӯрҳо истифода мешаванд. Масъулини ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ вайрон кардани танӯрҳоро ба коҳиш додани ҳусни шаҳр ва эҳтиёт аз сӯхтор арзёбӣ намуданд. Даст задан ба ин амал дар ҳолест, ки барои таъмини як оилаи сербачаи шаҳрӣ дар як рӯз аз 8 то 12 нони 1 сомонигӣ сарф мешавад, ки қиммати он дар як моҳ 360 сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки як халта орди 90 сомонӣ арзиш дошта, метавонад барои як моҳи ин оилаҳои серфарзанд дар сурати истифодаи танӯр басанда бошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






