ТАРҲИ НАВИ САВДОИ АВТОМОБИЛҲО ДАР МОШИНБОЗОРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд шаҳрвандон имкон доранд, ки дар мошинбозори пойтахт мошинҳои нави сабукрави то як сол истифодагардидаро рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа савдо намоянд. Чунин тарҳи нави савдои мошинҳо 4 май дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев муқарар гардид. Рӯзи душанбе дар мошинбозори пойтахт рӯзи санитарӣ эълон шуда, шаҳрвандон имкон доранд, ки барои хариду фурӯши мошинҳои боркаш ва механизмҳои сохтмонию роҳсозӣ дар рӯзи сешанбе ба бозор ташриф оранд. Дар рӯзи чоршанбе бошад дар мошинбозори Душанбе танҳо автобусу микроавтобус ва дигар нақлиёти мусофирбар савдо карда мешаванд. Рӯзҳои шанбею якшанбе савдои воситаҳои нақлиёти сабукрави аз як сол зиёд истифодагардида ба роҳ монда мешавад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ин иқдом ҷиҳати ба эътидол овардани фаъолияти мошинбозор, ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ, кам кардани анбӯҳи зиёди мошинҳо, таъмини ҳолати санитариву бехатарӣ, хусусан рафъ сохтани ҳамагуна ҳолатҳое, ки боиси сар задании сӯхтор шуда метавонанд, андешида шудааст. Дар робита муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳр Ф. Саидов вазифадор гардиданд, ки бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин, дар ҷаласа масъалаи интихоби қитъаи замин, корҳои лоиҳакашиву бунёди мошинбозори замонавӣ дар пойтахт баррасӣ шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






