ТАРБИЯИ ҲАРБӢ — ВАТАНДӮСТӢ
Суғд, 6 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Бо ибтикори идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баҳри тарбияи ватанпарастии ҷавонон озмуни «Сарбози оянда» ва фестивали сурудҳои ватанпарастона доир гардид. Дар озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сарбози оянда» намояндагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров аз рӯи 7 шарт: дар муддати кӯтоҳтарин пӯшидани либоси низомӣ ва муҳофизатӣ, иҷрои эстафетаи мудофиаи шаҳрвандӣ, гузаштан аз монеаҳо, иҷрои суруди мутантани низомӣ ширкат варзида, аз худ донишу маҳорати баланд нишон доданд. Дар фестивал- озмуни сурудҳои ватанпарастона сарбозони комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд, қисмҳои низомии гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо оҳангу таронаҳои ҳидоятгарӣ, дӯст доштану ҳифз кардани обу хоки Ватан баромад карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






