ТАШАББУСИ РАИС ДАСТГИРӢ ЁФТ
Душанбе,7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ташаббуси раиси ви лоят -Ғайбулло Афзал дар мавриди пуррагардонии китобхонаҳои шаҳру ноҳия аз ҷониби аҳли зиё, ташкилоту идораҳо хуб дастгирӣ ёфт. Дар давоми се ҳафтаи аввали моҳи апрел ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8 ҳазору 719 нусха китоб супорида шудааст. Дар ҷамъоварии китобҳо қариб ҳамаи ташкилоту идора ва шахсони алоҳида ташаббус нишон доданд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар ин иқдоми хайр ноҳияҳои Восеъ, Ёвон ва Қӯрғонтеппа саҳми бештар доранд. Дар ин муддат беш аз 6 ҳазор нусха китоб аз ҷониби ташкилоту идораҳо ба китобхонаҳо супорда шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






