ТАШРИФИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Май 26, 2009 09:45

                          Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). 26 май Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниел Ахметов бори аввал, бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.                         Тавре аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни сафари дурӯза дар назар аст, ки роҳбарияти низомии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.                        Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ ва дар ин замина таҳким бахшидани табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди хатарҳои эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.                         Ҳамзамон дар доираи ин сафари расмӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниел Ахметов аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан ба амал хоҳад овард ва бо ҳайати устодону афсарон ва донишҷӯён сӯҳбат намуда, бо шароитҳои маишию таълимии ин муассиса аз наздик шинос хоҳад шуд.

Май 26, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид