ТАЪСИРИ МАНФИИ ОФАТИ ТАБИӢ БА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Май 14, 2009 10:19

                      Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 13-уми май дар Вазорати кишоварзӣ дар мавзӯи «Таъсири офатҳои табиӣ ба соҳаи кишоварзӣ» аз ҷониби мутахассисони вазорат; сардори Раёсати растанипарварӣ Садмурод Баҳриддинов ва сардори Раёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорат Сафар Маҳмадиев барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир карда шуд.                     Мутахассисон аз натиҷаи боронҳои сели дар моҳи май баамаломада сухан намуда, иброз доштанд, ки офат барои пахтакорону боғдорон, ғаллакорону чорводорон хисороти зиёде овард.                     Дар тамоми вилоятҳо ситодҳо ташкил ёфта, барои то 1-уми июн анҷом додани кишти такрорӣ тавсияҳои олимон пешниҳод гардид.                    Тибқи маълумоти сардори Раёсати растанипарварӣ Саидмурод Баҳриддинов, то 12 -уми майи соли ҷорӣ офати табиӣ майдони 14 ҳазору 119 гектар заминҳои киштро пурра хароб намуд, ки зарари он ба 43 млн. сомонӣ баробар аст.                   Аз таъсири борону жола ҳамчунин ҳосили 1830 гектар боғзор ва 1394 гектар токзор бо пуррагӣ нест шудаааст.                  Ба ақидаи мутахассисон зарари ғалларо аз ҳисоби кишти такрорӣ баробар кардан имкон дошта бошад ҳам, аммо зарари ба боғу токзорҳо расидаро барқарор кардан номумкин аст.                 Хабарнигорон ба саволҳои худ оид ба вазъи ба амал омада ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Май 14, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд