ТАЗКИРАИ АФКОРИ МАРДУМИ ТОҶИК АЗ ЧОП БАРОМАД

Май 21, 2009 10:33

                       Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тазкираи афкори педагогии мардуми тоҷик дар ҷамъияти шакли кушодаи «Матбуот» бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад. Тазкира маҳсули дастаҷамъонаи олимони шинохтаи тоҷик Маҳмадулло Лутфуллоев, Хайрулло Афзалов, Сафар Сулаймонӣ, Юрий Мальцев буда, таҳти назари академик Абдуҷаббор Раҳмонов бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад.                      Дар китоб ёддоштҳои педагогии афкори мардуми тоҷик аз даврони қадим то пирӯзии инқилоби Октябр гирд оварда шудааст.                      Дар он хусусиятҳои хоси педагогика, андеша ва афкори пешқадами донишмандони барҷастаи таърих ва адабиёти тоҷик, ки дар таълиму тарбия ва маърифатнокии ҷомеа нақши муассир мегузоранд, гирд оварда шудааст. Инчунин, дар китоб роҳҳои асосии рушди афкори миллати тоҷик инъикос гардидааст.                      Китоб барои доираи васеи хонандагон ва мутахассисону кормандони бахши маориф ва фарҳанг тавсия карда мешавад.

Май 21, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд