ТЕХНОЛОГИЯИ ЛАЗЕРПИЗИШКИИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои дар доираи тафоҳумҳои олии дар сатҳи Роҳбарони Тоҷикистону Эрон ҳосил гардида, ки ба рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳо мусоидат менамоянд, дар маркази мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст қарор дошт. Мусоҳибон масъалаи таҳкими робитаҳоро ҷиҳати табодули таҷрибаи технологияи лазерпизишкии Эрон ва бо ҷалби мутахассисон ва сармояи эронӣ ифтитоҳ намудани ташхисгоҳҳои муосири гуногуншакли моликият барои табобати бемориҳои табобаташон душвор дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо новобаста аз шиддатёбии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба натиҷа расиданд, ки потенсиали ҳар ду кишвар дар самти тақвияти ҳамкориҳо самарабахш истифода хоҳад гашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






