ТОҶИКИСТОН МЕҲНОНОНРО ИСТИҚБОЛ ГИРИФТ

Май 14, 2009 16:49

                     Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Гурӯҳи маъруфи ҳунарии Британияи Кабир «Марун Тоун» чор рӯз боз, меҳмони сокинони Душанбе мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳ 11 май бо даъвати Сафорати Британияи Кабир ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ба шаҳри Душанбе омад. Ҳунармандони британӣ ба мактаб -интернати ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ рафта, ҳамроҳи талабагони он консерт доданд. Ҳамон рӯз маҳмонон, инчунин дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикитону Русия консерт баргузор намуданд. Консерти калонтарини онҳо 16 май дар назди театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад. Мисли ҳарсола консерт барои ҳамагон ба таври ройгон нишон дода мешавад.                       Гурӯҳи «Марун Тоун» на танҳо дар Британия, балки дар тамоми Европа ва Осиё машҳур аст.

Май 14, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид