ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ҲАМКОРИИ ПАРЛУМОНИРО ТАВСИА МЕДИҲАНД

Май 25, 2009 17:00

                         Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон дода мешавад. Ин масъала 25 май дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев доир шуд, баррасӣ гардид.                         Дар ҷаласа ҳамчунин, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи фарҳанг» ва лоиҳаи Низомнома «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.                          Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Мирзошариф Исломиддинов, Абдуманнон Холиқов, Гулчеҳра Бозорова, Сафаралӣ Раҷабов ва Абдураҳмон Азимов масъалаҳоро тавзеҳ дода, зикр карданд, ки лоиҳаи қонунҳои зикршуда, дар роҳи ба танзим даровардани фаъолият дар самти суғуртаи мутақобила, таҳкими кор ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар бахши фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, рушди фарҳанг ва тақвияти ҳамкории дӯстонаю судманд бо парлумони кишвари ҳамҷавор Афғонистон мусоидат менамоянд.

Май 25, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар