ТОЛИБИЛМОНИ ДУШАНБЕ БА ИСТИРОҲАТГОҲҲО ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1600 нафар наврасони Душанбе дар соли равон дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Зимчуруд», «Шарора», «Гулханӣ» ва «Орзу» ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он истироҳатгоҳҳои дар боло зикршуда, ки дар тавозуни чор ноҳияи пойтахт аст, то 28 май пурра аз таъмиру тармим бароварда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки аз 1600 нафар толибилмоне , ки дар истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд, 160 нафарашон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт мебошанд. Талабагон дар ду баст -аз 10 то 30 июн ва басти дуюм аз 6 то 26 июл дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ истироҳат менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






