ТРЕВОР ЧАРЛЗ НИЯТИ ТАШКИЛИ ГУРӮҲИ ДӮСТӢ -ПАРЛУМОНИРО ДОРАД
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир зимни мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Чарлз Мур баррасӣ гардиданд. М. Убайдуллоев дипломати британиро бобати таъин гардидан ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Вай гуфт, ки бо оғози фаъолияти Тревор Чарл Мур дар ин вазифаи олии дипломатӣ, сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун тавсеа хоҳанд ёфт. Ба андешаи М. Убайдуллоев то ҳол потенсиали воқеӣ, ки ҳадафҳои тарафайнро ҷавобгӯ бошад, ба таври дилхоҳ анҷом нагирифтааст. Итминон аст, ки бо мақсади пур намудани холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд. Хусусан, масъалаи ташкили гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир барои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Мусоҳибон инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бонкӣ, суғурта, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ, хусусан ҷудо намудани ҷой барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Британияи Кабирро баррасӣ карданд. Дар навбати худ дипломати британӣ Тревор Чарлз Мур афзуд, ки бо истифода аз ваколати дипломатиаш барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир тадбирҳои судманд хоҳад андешид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






