ВАКОЛАТИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИТСОН 7 СОЛ ШУД
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ба мӯҳлати 7 сол ва муовинонаш ба мӯҳлати 5 сол таъин карда мешаванд.Қонуни мазкур 27 май аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар — Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Масъалаи мазкурро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода шарҳ дода гуфт, ки яке аз паҳлӯҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ворид кардани аъзоёни ҷамъият аст. Қаблан раёсати Бонки милли Тоҷикистон аз роҳбарони аввали Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони идораҳои он иборат буд. Яъне раёсат аз дохили Бонк буд. Акнун дар асоси ин қонун ба раёсат роҳбари якум — раис ва муовинони ӯ ва се нафар собиқадорони соҳаи бонкдорӣ ва ё олимони барҷаста аз донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ пазируфта мешаванд. Шариф Раҳимзода афзуд, ки идораи Бонки миллии Тоҷикистон акнун аъзои ҷамъият аст. Дар ин радиф муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷамъият наздиктар мегардад. Яъне аъзои раёсат дар қабули қарор масъул буда, номзадии аъзои раёсатро худи Бонк пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, моддаи 6-и қонуни мазкур ба таъмини амнияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур қисми боқимондаи фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон ба Буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






