ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТ
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 17 май барои боздиди расмӣ ба Арабистони Саудӣ рафт. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мулоқотҳои расмии Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо 19 май оғоз ёфтанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафар бо шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Ассауд, вазири корҳои хориҷӣ Амир Сауд Файсал, муовини раиси Шӯрои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз Ассауд, вазири молия ва раиси Бунёди рушди Арабистони Саудӣ Иброҳим Абдулазиз Алассоф, раиси Бунёди хайрияи «Алвалид ибни Талол» — и Алволид ибни Талол ва шахсони дигари расмии ин мамлакат мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муҳокима карда мешаванд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафар, инчунин, бо Муншии умумии Созмони Конфронси Исломӣ, профессор Икмолиддин Эҳсонӯғлӣ мулоқот анҷом медиҳад. Хабар дода мешавад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз дар шаҳри Дубайи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб бо роҳбарияти Бунёди рушди Абӯ — Забӣ мулоқот кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






