ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Май 26, 2009 14:56

                        Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов имрӯз барои боздиди расмӣ ба Душанбе омад. Вай дар давоми ду рӯз бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва шахсони дигари расмии Ҳукумати Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.                        Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории низомӣ, омода сохтани кадрҳои ҳарбӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба дар соҳаи мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира муҳокима карда мешаванд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазири мудофиаи Қазоқистон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бо фаъолияти он шинос мегардад ва бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада мулоқот хоҳад кард.

Май 26, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид