ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Рӯзҳои 10 — 12 августи соли равон дар шаҳри Душанбе маҷлиси 24 — уми Шӯрои вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Рӯзномаи он дар қароргоҳи марказии шӯрои Кумитаи иҷроияи ИДМ тасдиқ намуда, баъдан бо Тоҷикистон мувофиқа карда хоҳад шуд. Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маҷлиси мазкур ба вусъати равобиту ҳамкории бисёрҷонибаи фарҳангӣ дар қаламрави ИДМ ва ҳалли проблемаҳори рушди фарҳанги миллӣ дар мамлакатҳои ИДМ мусоидат менамояд. Маҷлиси 23 — юми Шӯрои вазирони фарҳанги ИДМ соли 2008 дар шаҳри Алмаато баргузор гардида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






