ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МУСОДИРАИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶОИ АВВАЛ АСТ
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 69 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти қудратӣ ошкор карда шуд.Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ аз нашъаҷаллобон 355 килою 272 грамм маводи нашъадор мусодира карда шудааст, ки аз ин 9 кило героин, 70 кг афюн, 39 кг гашиш ва 236 кг нашъа мебошад. Вобаста ба ин 47 парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтиш бурда мешавад. Аз рӯи 9 ҳодиса тафтишот ба охир расонида шуда, парвандаҳои ҷиноӣ ба суд ирсол шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






