ВКД ТОҶИКИСТОН ВАКОЛАТДОР АСТ ИЗҲОР НАМОЯД…

Май 22, 2009 10:17

                        Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои охир баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ ва саҳифаҳои Интернет хабар медиҳанд, ки гӯё аз ҷониби Давлати Исломии Афғонистон ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт теъдоди зиёди силоҳбадастон таҳти роҳбарии қуммондони мухолифин Мулло Абдулло ворид шуда бошанд. Бо ҳамин сабаб қувваҳои иловагии                          Вазорати корҳои дохилӣ ба ин минтақа фиристода, посгоҳҳои назоратӣ дар роҳҳои мошингард пурзӯр карда шудаанд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар робита бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки фиристодани ҷузъу томҳои муҳофизи тартибот ба ин минтақа ба гузаронидани амалиёти махсуси доманадори «Кӯкнор — 2009» вобаста мебошад. Маъракаи мазкур дар ин ҷо 15 май шурӯъ шуд ва то 30 ноябр давом мекунад. Ҳадафи асосии он ошкору нобуд сохтани киштзори ғайриқонунии зироатҳои маводи нашъадор дар мамлакат мебошад.

Май 22, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст