ВОХӮРИИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ

Май 21, 2009 10:10

                       Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 20 май дар шаҳри Ҷидда бо Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу вохӯрӣ дошт.                        Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои кишварро бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ самаранок арзёбӣ намуда, хотирнишон сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш Ойинномаи Созмони Конфронси Исломиро (СКИ) ба тасвиб расонд ва омодагӣ гирифтааст, то созишномаҳои асосӣ, аз ҷумла, иқтисодиро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин имзо кунад.                      Дабири кулли СКИ аз раванди муносибатҳои байни Созмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Созмон кӯшишҳои пайваста дорад.                       Ба андешаи А. Эҳсоноғлу баргузор гардидани иҷлосияи 37-и машварати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон дар шаҳри Душанбе дар соли 2010 нишонаи фаъолияти босамар ва пурмаҳсули Точикистон дар кори СКИ аст. Ӯ иброз дошт, ки дар баргузории ин чорабинии муҳим Котибот ва кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон кӯмаку мусоидат хоҳанд кард. Дабири кулл таъкид дошт, ки дар ин кор метавонанд чунин кишварҳо, ба монанди Мамлакати Арабистони Саудӣ, Давлати Қувайт, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон кӯмак расонанд.                       Мувофиқа ҳосил шуд, ки рӯзҳои баргузории иҷлоси 37-и машварати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ дар шаҳри Душанбе баъдан муайян карда мешавад.                      Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, вазъи минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон, Ироқ ва Фаластин табодули назар карданд.  

Май 21, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст