Ю.ПОПОВ : «ДАЪВОҲО АР БОРАИ САРД ГАРДИДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ЯГ
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти дирӯз эътиборномаи сафири нави Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Поповро қабул намуд. Сафир баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамаи масъалаҳои мавриди назари тарафайн баррасӣ карда шуданд. Ин масъалаҳо асосан ба ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ дахл доштанд. Мусоҳибон проблемаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳанӯз аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Мо роҳҳои бартараф сохтани чунин проблемаҳоро муайян намудем, гуфт сафир. — Зимни ҳалли чунин проблемаҳо пеш аз ҳама манфиатҳои ҳар ду кишвар ба назар гирифта мешаванд. Боварии комил дорам, ки зимни фаъолияти ман дар вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон ба ҳалли ин проблемаҳо аҳамияти калон дода мешавад. Ю.Попов афзуд, ки ҳамроҳи Э.Раҳмон масъалаҳои марбут ба анҷом додани сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» ҳамаҷониба муҳокима карда шуд. Сафир зикр кард, ки рӯзҳои наздик ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи мазкур рафта, дар машварати бахшида ба масъалаи пурра ба кор даровардани нерӯгоҳ иштирок хоҳад кард. Президент изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи масъалаҳои техникии сохтмони нерӯгоҳ ояндаи наздик ҳал карда мешаванд. Пешбинӣ карда мешавад, ки Президенти Русия дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳ иштирок хоҳад кард. Мо ҳамчунин иштироки Русияро дар сохтмони нерӯгоҳҳои дигари хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ намудем, гуфт сафир. Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавии Русия ва Тоҷикистон роҷеъ ба сард гардидани муносибатҳои ҳар ду кишвар хабару мақолаҳо чоп мешаванд. Мулоқоти ман бо Президенти Тоҷикистон нишон дод, ки чунин даъвоҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, таъкид кард сафири Русия.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






