ЗАНГИ ОХИРИ МАКТАБИЁН
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 26 май.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Занги охирин дар тамоми мактабҳои вилоят бо шаъну шукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Аз ҷумла, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №80 идона оро дода шуда, хонандагони синфҳои 1-11 бо ҳам вохӯрда эстафетаи талабагиро аз хонандагони синфи 11 қабул карданд. Тантанаи занги камолот дар давоми 60 дақиқа бесарфу хароҷотҳои беҳуда ва бо табрики директори мактаб Рафиқҷон Холбоев оғоз гардида, бо миннатдории хонандагони беҳтарини синфхои 11 Шамсия Ҳомидова, Мақсудаи Ализода, Таҳмина Мадаминова, Санавбар Исматова ба поён расид. Барои хонандагону муаллимони ин мактаб имсол соли хотирмон буд, зеро бинои нави иборат аз 33 синфхона барои 874 нафар хонандагон ба истифода дода шуд. Хонандагон ба пуррагӣ аз вагонхонахонаҳо ба синфхона кӯчиданд. Имсол бо кӯмаки мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров ва волидони саховатманд гирду атрофи ин мактаб девор карда мешавад. Имсол хонандаи синфи 11-ум Фаридуни Ғаффорзод дар вилоят беҳтарин ровӣ ҳисобида шуд. Хонандаи синфи 11-ум Шамсия Ҳомидова дар озмуни «Луғатдони беҳтарин» ғолиб баромад. Ба хонандагони синфҳои беҳтарин раҳматномаҳо тақдим гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






