ЗАРИФ АЛИЗОДА–ВАКОЛАТДОР ОИД БА &#1202У&#1178У&#1178И ИНСОН ДАР &#1206УМ&#1202УРИИ ТОҶИКИСТОН

Май 27, 2009 13:24

                        Зариф Ализода 5 майи соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.                         Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба сифати ассисенти кафедраи Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1986 — 1990 ба ҳайси коромӯз ва аспиранти пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои СССР дар шаҳри Маскав кору таҳсил кардааст.                         Соли 1990 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Созмонҳои ҷамъиятӣ дар низоми сиёсии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» дифоъ намуд.                          Баъди хатми аспирантура дар кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро давом додааст. Сипас, дар вазифаҳои мушовири Кумитаи қонунгузории Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.                          Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, вазифаи Раиси кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.                         Солҳои 2001 — 2003 дар вазифаҳои Сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003 — 2006 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.                           Моҳи декабри соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.                          Муаллифи беш аз 50 асарҳои илмӣ, дорои тахассуси судяи дараҷаи олӣ, унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ» мебошад.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.                          Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2009 Ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  

Май 27, 2009 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон